КҲФ Русия 17 нафар тоҷикистониёнро аз Яман баровард



Ҳавопаймои Русия бо 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбе аз Санъо парвоз карда буд, баъди ист барои сӯзишворӣ дар Қоҳира шоми рӯз ба Маскав фуруд омад.

Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳавопаймои дуюми Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ дирӯз аз Санъо ба самти Маскав парвоз карда, дар дохили он боз 10 шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

«Ин маълумотро сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ низ тасдиқ намуд. Ҳамин тариқ, айни замон 17 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман бароварда шуда, қисмати зиёди шаҳрвандони мо рӯзи 4 апрел тариқи ҳавопаймои КҲФ Русия аз Яман хориҷ карда мешаванд», – қайд кард Эгамзод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ситоди сафорати ҶТ дар Русия таҳти роҳбарии Ашраф Гулов то аз Яман берун бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон реҷаи навбатдории аъзои ситод ташкил шудаааст. «Навбатдорони ситод бо маркази буҳронии Вазорати корҳои хориҷии Русия доимо дар робита мебошанд», – афзуд намояндаи расмии сафорат.

spot_imgspot_img

Популярное