Кумаки низомӣ-техникии Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 70 млрд. рубл



Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ( СААД) назари худ ба вазъ дар Афғонистонро шарҳ дода, изҳор намуд, ки ҳолати имрӯза дар масъалаи расонидани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон «қаноатбахш аст».

Зимни вохӯрӣ бо журналистон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узвии СААД дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор дошт, ки «ҳамтоён аз кишварҳои узви СААД на камтар аз мо ба сулҳу субот дар кишварҳояшон манфиатдоранд».

Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҷаласа ҷараёни амалисозии қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи кумак ба ҶТ дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон» мавриди таҳлил қарор гирифт. «Мебояд гуфт, ки ҳолати кунунии корҳо дар ин самт моро қонеъ карда наметавонад, аз ин рӯ, таваҷҷуҳи ҳамтоёнамонро ба зарурати андешидани тадбирҳои амалӣ оид ба иҷрои ин қарори сарони кишварҳо равона кардем», – қайд кард Аслов.

То оғози ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот аз ҷумла эътироф шуд, ки «дар минтақаи масъули СААД терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир босуръат густариш ёфта, ба вазъ дар минтақа таъсири харобиовар мерасонанд».

Дар ҳамин ҳол, бинои ба иттилои рӯзномаи русиягии

«Коммерсантъ»

, ҷониби Русия бобати солҳои наздик ба Тоҷикистон расонидани кумаки низомӣ-техникӣ ба маблағи ҳудуди 70 млрд. рубл омодагӣ изҳор намудааст.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, Душанбе ба таҳдидҳои афзоишёбанда «аз самти ҷануб дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистон дучор мешавад, ки дар баробари гурӯҳҳои маъмулан ифротгарои дар он ҷо ҳузурдошта (бо шумули «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида»), имрӯз аллакай «Давлати исломӣ» ҳам ҳузур пайдо кардааст».

«Мо ҷонибдории худ ба иҷрои уҳдадориҳо назди Тоҷикистон дар таҳкими иқтидори мудофиавии онро ҳам дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби қарорҳои СААД изҳор намудем», – иброз доштааст Лавров.

Қаблан соли 2013 кишварҳои узви СААД оид ба расонидани кумак ба марзбонони тоҷик, ки ба ҳимояи марз бо Афғонистон машғуланд, тавофуқ ҳосил карда буданд.

Барномаи муштараки таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро Маскаву Душанбе тобистони соли 2014 ба имзо расонида буданд, вале то ҳол ҳаҷми воситаҳои бо ин мақсад ҷудомешуда маълум набуд.

Бино ба маълумоти «Ъ», солҳои наздик Русия ба расонидани кумаки низомӣ-техникӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 70 млрд. рабул (ҳудуди 1,23 млрд. $) омода аст. Ин маълумотро манбаъҳо дар Ситоди генералии Русия ба газета тасдиқ намудаанд.

Аслиҳа (шурӯъ аз воситаҳои алоқа, аслиҳаи оташфишон ва муҳимот то авиатсия, артиллерия ва таҷҳизоти дифоъи зиддиҳавоӣ) асосан аз ҳисоби яроқу муҳимоти дар тавозуни артиши Русия қарордошта дода мешавад. Номгӯи ин маснӯот аллакай мувофиқа шуда, вале таҳвил (интиқол)-и он оғоз нашудааст.

spot_imgspot_img

Популярное