Интиқоди навбатии мулло Абдураҳим аз ҲНИТ

Яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мулло Абдураҳим, феълан омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Раҳим Каримов бори навбатӣ алайҳи собиқ ҳамсангарони худ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар семинари «Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои номатлуби террористию экстремистӣ» дар Душанбе ӯ даъват кард, ки ҲНИТ созмони […]

ASIA-Plus



Яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мулло Абдураҳим, феълан омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Раҳим Каримов бори навбатӣ алайҳи собиқ ҳамсангарони худ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар семинари «Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди равандҳои номатлуби террористию экстремистӣ» дар Душанбе ӯ даъват кард, ки ҲНИТ созмони террористиву ифротгаро эълон шуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон қатъ карда шавад. «Мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи Раҳим Каримов, давоми 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ (ӯ дар сафҳои ҲНИТ қарор дошт) ҲНИТ ба сари мардум ғаму кулфати зиёд овард, ки «занони сершумор бева шуда, кӯдакони зиёде ятим монданд».

Дар робита ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравидани ҷавонон Р.Каримов зикр кард, ки: «Он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст».Ӯ ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон низ Каримов ҳамроҳ бо раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни суханронӣ дар шабакаҳои телевизони давлатӣ зарурати аз номи ҲНИТ «ҳазф» шудани калимаи «ислом»-ро таъкид дошта буд. Раҳим Каримов як муддате раҳбарии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳуриро ба уҳда дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.