КҲФ Русия боз 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Яман баровард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Русия боз 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯзи 5 апрел аз Яман баровард. Гуфта мешавад, ки миёни онҳо 14 нафар кӯдакон мебошанд. Масъулини cитоди назди cафорати ҶТ дар Русия Абдусамад Абдушукуров, Фирдавс Боиров, Бахтиёр Муродов ва Саид Боев дар баробари расидани шаҳрвандон онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба фурудгоҳи Домодедово бурданд. Аъзои cитод ҳамаи […]

ASIA-Plus



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Русия боз 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро рӯзи 5 апрел аз Яман баровард. Гуфта мешавад, ки миёни онҳо 14 нафар кӯдакон мебошанд. Масъулини cитоди назди cафорати ҶТ дар Русия Абдусамад Абдушукуров, Фирдавс Боиров, Бахтиёр Муродов ва Саид Боев дар баробари расидани шаҳрвандон онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ба фурудгоҳи Домодедово бурданд. Аъзои cитод ҳамаи асноди лозимии консулиро бо худ доштанд, ки дар ҳолати зарурат дар худи ҳамон ҷой шаҳрвандонро ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд. 

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Маскав то сбҳи имрӯз ба ватан фиристода шуданд. Миёни онҳо 3-4 нафароне низ буданд, ки хоҳиши чанд рӯз дар Москва монданро карданд. Онҳоро аз фурудгоҳ хешовандону наздиконашон ба манзили хеш дар Москва бурданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ба хатти телефонии ситоди сафорати ҶТ дар Москва пайваста зангҳои телефонӣ мерасанд. Ахиран, 7 нафар духтурони тоҷик, ки дар Аден, шаҳре дар ҷануби Яман воқеъ аст, дармондаанд ва имкони то пойтахти Яман- Санъо (қариб 500 км) расидан надоранд. Мо аз онҳо хоҳиш кардем тавассути бандари обӣ худро то марзи Арабистони Саъудӣ бирасонанд, то масъулини сафорати мо дар ин кишвар онҳоро кумаки бозгашт ба Ватанро бирасонанд. Тибқи иттилои расида ба ситод, дар минтақаи Хазармути Яман низ ҳудудан 50 нафар шаҳрвандони ИДМ будаанд, ки миёни онҳо 12 тан шаҳрвандони мо ҳоло нияти баргашт ба Ватанро доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.