Омодагии Қирғизистон баҳри кумак ба Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм

Зимни вохӯрӣ бо иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев изҳор намудааст, ки кишвараш ба кумак расонидан ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ омода аст. «Ман огаҳам, ки шумо чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрӣ бо иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев изҳор намудааст, ки кишвараш ба кумак расонидан ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ омода аст.

«Ман огаҳам, ки шумо чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро гузаронидед. Мо ба иҷрои қарорҳои он ҷо қабулшуда омодаем. Баҳри кумак ба Тоҷикистон – ҳамсоякишвари худ омодаем. То ҷое ман огаҳӣ дорам, Русия ҳам аллакай кумаки назаррас ваъда кард», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ бо истинод ба гуфтаҳои президенти Қирғизистон.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД доир гардид, ки дар он мушкилоти муосири сиёсати байнулмилалӣ, аз ҷумла масъалаи муқовимат бо таҳдидҳои терроризми ифротгароӣ аз ҷониби гурӯҳҳои шомил ба «Давлати исломӣ» баррасӣ шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз ҷумла изҳор намуда буд, ки Душанбе ба таҳдидҳои афзоишёбанда «аз самти ҷануб дар робита ба муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистон дучор мешавад, ки дар баробари гурӯҳҳои маъмулан ифротгарои дар он ҷо ҳузурдошта (бо шумули «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида»), имрӯз аллакай «Давлати исломӣ» ҳам ҳузур пайдо кардааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.