КҲФ: Ба ҷустуҷӯи қурбониёни ярч дар Файзобод техника сафарбар шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ имрӯз барои ҷустуҷӯи боқимонда  ҷасади қурбониёни ярч дар ноҳияи Файзобод техникаро сафарбар намуд. Сухангӯи ҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иллати бероҳӣ то имрӯз сафарбарии техника ба маҳалли ҳодиса ғайриимкон буд ва пас аз дуруст […]

Мавзуна Абдуллоева



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ имрӯз барои ҷустуҷӯи боқимонда  ҷасади қурбониёни ярч дар ноҳияи Файзобод техникаро сафарбар намуд.

Сухангӯи ҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба иллати бероҳӣ то имрӯз сафарбарии техника ба маҳалли ҳодиса ғайриимкон буд ва пас аз дуруст кардани роҳ, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда зери ярч бо экскаватору дигар техникаҳои Кумита оғоз гардид.

«Ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор низ ҳозир буда, ғайр аз ин, боз 100 нафар сокинони деҳаи Яккачинор низ ба ин корҳо ёрӣ мерасонанд», – иброз дошт ӯ ва таъкид дошт, ки ҷустуҷӯи боқимонда ҷасадҳо дақиқае ҳам қатъ нагардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд.

КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошт, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.