Дастури Э.Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба пешгирии офатҳои табиӣ

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба хусус кишти пахта ва сабзавот, […]

ASIA-Plus



Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба хусус кишти пахта ва сабзавот, корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ободонӣ мавриди таваҷҷуҳи асосии арвари давлат қарор гирифт.

Гуфта мешавад, доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ, дар назди шахсони масъули номбурда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.