Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси солонаи Шӯрои мудирони БОР

Ҳудуди 3 ҳазор нафар мансабдорони давлатӣ, тоҷирони муваффақ, сармоягузорон, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳли ҷомеа рӯзҳои 2-5 май дар Маҷлиси 48-уми солонаи Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) дар шаҳри Боку гирдиҳам меоянд. Дар ин маҷлис иштироки ҳайати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов низ дар назар аст. Мавзӯи маҷлиси соли 2015 – […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳудуди 3 ҳазор нафар мансабдорони давлатӣ, тоҷирони муваффақ, сармоягузорон, рӯзноманигорон ва намояндагони аҳли ҷомеа рӯзҳои 2-5 май дар


Маҷлиси 48-уми солонаи


Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд (БОР) дар шаҳри Боку гирдиҳам меоянд.

Дар ин маҷлис иштироки ҳайати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов низ дар назар аст.

Мавзӯи маҷлиси соли 2015 – «Шарикӣ барои рушд» аст, ки муҳимияти сафарбарии захираҳо ва тақвияти шарикӣ миёни БОР, кишварҳо ва дигар шарикони бисёрҷонибаву дуҷонибаро таъкид менамояд.

Дар чорабиниҳои маҷлиси солонаи Шӯрои мудирони БОР масъалаҳои имконоти рушди минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, роҳандозии сиёсатҳои мутобиқ ба муҳити тағйирёбандаи дохиливу беруна ҷиҳати нигоҳдориву таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиши минаъдаи камбизоатӣ, муҳайё кардани шароити созгор барои рушди бахши давлатӣ-хусусӣ, фарогирии умумии бахши тандурустӣ, баробарии ҳуқуқҳои занону мардон, инноватсияҳо ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуда, то имрӯз БОР барои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА кумакҳо ба сифати қарзу бурс ва ёрии техникиро маъқул шуморидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.