Николай Николаев, адвокати пешвои боздоштшудаи ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов, изҳор намуд, ки ба баргардонидани зерҳимояи худ ба қаламрави Русия талош варзида, сипас аз ҳуқуқҳои ӯ дар суди Русия ва суди ҳуқуқи башари Аврупо ҳимоят хоҳад кард.
Адвокати русиягии М.Иброҳимов мутмаин аст, ки зерҳмояи ӯро ғайриқонунӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта, аз қаламрави Русия берун бурдаанд. «Ман манфиатҳои М.Иброҳимовро дар қаламрави Русия ва суди ҳуқуқи башари Аврупо ҳимоят мекунам. Ӯро бидуни риояи тамоми меъёрҳои зарурӣ истирдод кардаанд, ки ин ҳама ба меъёрҳои конститутсионии Русия ва ҳуқуқи инсон мутобиқ нест», – мегӯяд адвокат.
Н.Николаев, ки қаблан аз манфиатҳои пешвои кушташудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов низ ҳимоят карда буд, иброз дошт, ки дар Душанбе ҳам М.Иброҳимов адвокат дорад, вале то ҳол онҳо байни ҳамдигар робита умумӣ надоранд.
«Дар амалҳои Иброҳимов аломатҳои ҷиноят ҷой надорад ва ӯ ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ӯро ба Русия баргардонида, кафолати тафтишоти мустақили амалҳои ҳамчун ҷиноят ба ӯ нисбатдодашударо таъмин намоем. Афроди гунаҳкор ва марбут ба рабудани ӯ ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд», – ибрози назар кард аз нақшаҳои минбаъдааш адвокат.
Адвокат бар ин назар аст, ки мурофиаи судӣ нисбати Мақсуд Иброҳимов моҳи апрел оғоз мегардад: «Агар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон ба моддаи ифротгароӣ исрор варзанд, пас парвандаи ҷанбаи сиёсӣ ба бар гирифта, шояд аз ҷониби Суди ҳуқуқи башари Аврупо воқеъбинона қабул нашавад».
Қобили зикр аст, ки пешвои ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» Мақсуд Иброҳимов дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи ифротгароӣ (экстремизм) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мақсуд Иброҳимов 20 январи соли 2014 аз манзил дар шаҳри Маскав аз ҷониби афроди номаълум, эҳтимол кормандони хадамоти махсус рабуда шуд. Дар бораи рабуда шудани М.Иброҳимов нахуст ҳоми ҳуқуқи рус Николай Николаев дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Ба қавли наздикони М.Иброҳимов эҳтимол меравад, ки сипас ӯ пинҳонӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, танҳо баъд аз гузашти 10 рӯз мақомоти расмии кишвар тасдиқ намуданд, ки Иброҳимов дар Душанбе қарор дошта, дар тавқифгоҳи мувақкатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН Ризо Халифазода рӯзи 30 январи соли равон дар ин робита иттилоъ дода буд, ки нисбати боздоштшуда мувофиқи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо дар бораи маҳз бо кадом моддаҳо айбдор шудани М.Иброҳимов саҳеҳан маълумот надод.



