С.Аслов ба ҷаласаи кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд даъват шуд

Рӯзи 6 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷаттулоҳи Фағонӣ мулоқот кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафири Эрон ба Н.Зоҳидӣ даъватномаи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро ба Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки ӯ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷаттулоҳи Фағонӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафири Эрон ба Н.Зоҳидӣ даъватномаи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро ба Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд супурд. Ин ҷаласа дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар Теҳрон баргузор мешавад,

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро муҳокима карданд.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 120 кишвар узви он буда, аз минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.