Полковники милиса Фотеҳ Қунғуротзода сардори нави Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Саид Ҷӯрахонро иваз намуда, то ин таъинот ба ҳайси сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ фаъолият дошт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, генерал-майори милитсия Мустафоқул Рустамов ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ таъин гардид. Генерал-майор Абдухалил Мирзоев Раёсати таҳқиқи ВКД ҶТ, полковник Алишер Маҳмадализода Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ва Набиҷон Исо Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, полковник Абдусаттор Фаттоев сардори Қисми минтақавӣ ва ҳамзамон муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб таъин карда шуд.
Ҳамчунин ба шуъбаҳои ВКД ҶТ дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб низ сардорони нав таъин гардиданд.


