Нашри романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависандаи тоҷик бо забони дарӣ

Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависандаи тоҷик, журналист аз Кӯлоб Саид Раҳмон бо забони дарӣ дар Афғонистон ба нашр расид. Муаллифи роман Саид Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин асар соли 2008 бо забони тоҷикӣ ба чоп расида, баъди як сол дар озмуни вилоятии ба номи Носири Хусрав ба ҷоизаи аввал соҳиб гардид. […]

Турко Дикаев



Романи «Масъуди сипаҳсолор»-и нависандаи тоҷик, журналист аз Кӯлоб Саид Раҳмон бо забони дарӣ дар Афғонистон ба нашр расид.

Муаллифи роман Саид Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин асар соли 2008 бо забони тоҷикӣ ба чоп расида, баъди як сол дар озмуни вилоятии ба номи Носири Хусрав ба ҷоизаи аввал соҳиб гардид.

«Нашри роман дар бораи қаҳрамони миллии Афғонистон бо забони модарии ӯ бо мусоидати шоири саршиноси афғон ва сиёсатмадор Абдулатиф Пидром, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ба унвони «Шаҳрванд ифтихории Кӯлоб» шарафёб гардидааст, муяссар шуд», – изҳор дошт С.Раҳмон ва қайд кард, ки ба туфайли мусоидати сардабири ҳафтавори «Миллат» Адолати Мирзо соли 2014 ӯ дар Кӯлоб бо шоири афғон мулоқот кардааст.

Муаллифи роман ҳамчунин ба тарҷумони маъруфи тоҷик Саидмурод Исмоилов барои тарҷумаи фаврӣ ва хушсифат миннатдорӣ изҳор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.