Зимни ҷаласаи васеи шаҳрдории Душанбе бо иштироки раҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони шӯрои маҳаллаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба манъи вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳои кишвар ба қаламрави пойтахт дастур дод.
Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом барои пешгирии ҳолатҳои тамбашавии автомашинаҳо дар роҳҳои дохили шаҳр рӯйи кор гирифта шуда, ҷойи таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрӣ дар назди 4 дарвозаҳои шаҳр муқаррар карда мешавад. Ин дастур аз 9 апрел мавриди амал қарор мегирад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин раиси пойтахт дастур додааст, ки барои таъмини фаъолияти муътадили нақлиёти мусофирбар шурӯъ аз 15 апрел аз соати 6-и субҳ ба равуои 70%-и нақлиёти хусусӣ ва коммуналӣ иҷозат дода шавад.
Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тезонидани корҳои сабзгардонии шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни Рӯзи пойтахт (ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел) низ дастуру супоришҳо додааст.



