Ш.Мирзо: Таҳдидҳои ҷаҳони муосир назди кишварҳои ИДМ «вазифаҳои мушобеҳ» мегузоранд

Date:



Зимни суханронӣ рӯзи сешанбе дар ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зидди ҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо изҳор намуд, ки вазъи шаклгирифтаи имрӯз ва минбаъда дар паҳнои геополитикии авруосиёӣ мушкил боқӣ монда, тамоили шадидтар шуданро касб мекунад.

«Зуҳуроти терроризми байнулмилалӣ, ки аллакай аз чаҳорчӯби гурӯҳҳои пароканда хеле берун рафта, ба нерӯи пуриқтидори низомӣ мубаддал мегардад, тақвияти ихтилофҳои байниэтникӣ ва низоъҳои мазҳабӣ бевосита дар наздикии марзҳои мо воқеъиятест, ки мо бо он дучор мешавем ва уҳдадорем мубориза барем», – овардааст гуфтаҳои вазири мудофиаи Тоҷикистонро «Интерфакс».

Ба гуфтаи Ш.Мирзо, «роҳандозии муборизаи пурсамар ва муқовимат бо ин таҳдидҳо танҳо бо кӯшишҳои умумии ҳамоҳангшуда имконпазир аст, бахусус дар ҳалли вазифаи доимие чун мудофиаи зидди ҳавоӣ».

Вазир қайд кард, ки таҳдид ва ситезаҷӯиҳои ҷаҳони муосир назди кишварҳои узви ИДМ «вазифаҳои мушобеҳи марбут ба таъмини соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзиии кишварҳои мо»-ро мегузоранд. «Амалҳои ҳамоҳангшуда дар ҳалли ин вазифаҳо омили муҳими ҳамкории мутақобилаи мо аст, ки тайи солҳои ахир фаъолона рушду тақвият меёбад», – таъкид доштааст Ш.Мирзо.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки «дар ҳамкориҳои гуногунҷанбаи низомии кишварҳои узви ИДМ бешак ҳамкориҳо дар самти мудофиаи зиддиҳавоӣ мақоми хосса доранд, зеро ин бахшест, ки ҳамкориҳову амалҳои мо бештар пурсамаранд».

Ба гуфтаи вазир, «низоми муттаҳидаи мудофиаи ззидди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ бидуни муболиға намунаи барҷастаи сохтори амалкунандаи мудофиавӣ аст, ки як қатор кишварҳоро муттаҳид менамояд».

Ш.Мирзо ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсоз як қатор масъалаҳо оид ба такмили низоми мутттаҳидаи мудофиаи зидди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ мешаванд. «Дар навбати худ ман ҳамчун узви Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба шумо итминон медиҳам, ки мо минбаъд низ баҳри ташкили шароитҳои мусоид ва заминаи меёъриву ҳуқуқӣ барои такмилу рушди ҳамкорӣ дар баъши дифои зидди ҳавоӣ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод», – изҳор доштааст вазир.

Ӯ ҳамчунин иштирокдорони ҷаласаро бо фарорасии ҷашни қарибулвуқӯъи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик карда, қайд кардааст, ки ин ғалаба «таҷассумгари иқтидор ва шикастнопазирии халқҳоест, ки бо андешаи ягонаву афкори умумӣ муттаҳид шудаанд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...