Дар мақомоти корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва поквиҷдонию поктинатӣ ҳидоят намуда, дар наздашон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои дастёбии васеъ ба ёрии аҳолӣ дар ифшо намудани ҷинояткорон бояд бо мардум муомилаю муносибати хуб ва ҳамкории наздик дошта бошанд.

Гуфта мешавад, зимни тағйироти навбатии кадрӣ сардорони 5 раёсати сохтории Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати он дар шаҳри Душанбе, қисми минтақавӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Данғара, Норак, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Ҷиргатол, Шуғнон ва Мурғоб иваз карда шуданд. Ҳамчунин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар чанд сохтори дигари ин вазорат дар соҳаи нақлиёт ва дар 4 қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ шахсони дигар таъин шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.