Дар Тоҷикистон ширкатҳои оффшорӣ андозбандӣ мешаванд

Кумитаи андози Тоҷикистон ба андозбандии ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, оғоз мекунад. Бино ба иттилои Кумтаи андози назди ҳукумати ҶТ, бо мақсади пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ нисбати ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар ширкатҳои ватанӣ ҳисса доранд ва (ё) бо ширкатҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамоянд, […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи андози Тоҷикистон ба андозбандии ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, оғоз мекунад.

Бино ба иттилои Кумтаи андози назди ҳукумати ҶТ, бо мақсади пешгирии саркашӣ аз андозсупорӣ нисбати ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар ширкатҳои ватанӣ ҳисса доранд ва (ё) бо ширкатҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамоянд, дар Кодекси андоз маҳдудкуниҳои андозӣ пешбинӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ба моддаи 17 Кодекси андоз банди 54) дар таҳрири зерин 

илова гардида, мафҳуми “минтақаи оффшорӣ” бо мақсадҳои андозбандӣ шарҳ дода шуд:

«Минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиихориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиётҳои бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунад. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори 

муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм (Бонки миллии Тоҷикистон) муайян менамояд».

Ғайр аз ин, тибқи тағйироти ба сархати чоруми қисми 4 моддаи 23 Кодекси андоз воридгардида, тартиби андозбандӣ ва маблағи андози корхонаҳои резидентие, ки бо корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ дошта ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташуда амалиёт (аҳд) анҷом додаанд, бо усули мустақим ё ғайримустақим, яъне дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра муайян карда мешавад.

Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 126 маҳдудият гузошта шудааст, ки тибқи он имтиёзи озод будан аз пардохти андоз аз суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ ба корхонаҳои резидентӣ мепардозанд, нисбати корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшордошта, татбиқ намегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки тағйироту иловаи воридшуда ба Кодекси андози ҷумҳурӣ аз 1 апрел мавриди амал қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.