Рӯзи 6 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Вилҳелм Майер баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима намуда, инчунин оид ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дод.



