Тоҷикистону Швейтсария масоили идоракунии захираҳои обиро баррасӣ карданд

Рӯзи 6 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов бо фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Вилҳелм Майер баргузор гардид. Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима […]

ASIA-Plus



Рӯзи 6 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов бо фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба масъалаҳои об Вилҳелм Майер баргузор гардид.

Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси Базел оид ба идоракунии фарогирандаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли 2014 дар Швейтсария баргузор гардид, муҳокима намуда, инчунин оид ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар анҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба фиристодаи махсуси Швейтсария оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.