Дар вилояти Свердлови Русия шумори никоҳҳои шаҳрвандони Русия бо шаҳрвандони хориҷӣ ду баробар афзудааст.
Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар минтақаи Урали Русия бо такя ба гуфтаҳои сардори Раёсати САҲШ-и ин вилоят Татяна Кузнетсова, дар ин рӯйхат шаҳрвандони Тоҷикистон
пешсаф буда
,
соли 2014 бо шаҳрвандони Тоҷикистон 712 ақди никоҳ баста шудааст (соли 2013 – ҳамагӣ 289 ақди никоҳ).
Ба гуфтаи Кузнетсова, дар ин давра бо шаҳрвандони Озарбойҷон – 388, Ӯзбекистон – 239 ақди никоҳ баста шуда, соли 2014 дар маҷмӯъ 2256 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст (соли 2012 – 1038).
«Сабабҳои чунин ҳолатро мо шарҳ дода нметавонем, зеро вазифаи мо қабули ариза ва сабти никоҳ мутобиқи қонун мебошад, то ки он ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам қаламрави кишарҳои издивоҷкунадагон эътироф карда шавад», – гуфтааст Кузнетсова ва ҳамчунин илова намудааст, ки барои муқоиса метавон дар бораи баста шудани ақди никоҳ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур мисол овард, кидар ин давра бо шахрвандони Олмон – 20, Сербия – 13, Миср – 9, Италия ва Туркия – 7-тогӣ ҳолатҳои ақди никоҳи шаҳрвнадони Русия сабт шудааст.
Тибқи маълумоти ҷамъияти минтақавии фарҳанги тоҷикони «Сомон», дар вилояти Свердлови Русия ҳудуди 70 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо ба корҳои мавсимӣ машғуланд. Беш аз 90%-и онҳо дар соҳаҳои сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ободонӣ ва хизматгузорӣ кор мекунанд.


