Афзоиши босуръати шумори никоҳҳо бо тоҷикон дар Урал

Дар вилояти Свердлови Русия шумори никоҳҳои шаҳрвандони Русия бо шаҳрвандони хориҷӣ ду баробар афзудааст. Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар минтақаи Урали Русия бо такя ба гуфтаҳои сардори Раёсати САҲШ-и ин вилоят Татяна Кузнетсова, дар ин рӯйхат шаҳрвандони Тоҷикистон   пешсаф буда , соли 2014 бо шаҳрвандони Тоҷикистон 712 ақди никоҳ баста шудааст (соли […]

ASIA-Plus



Дар вилояти Свердлови Русия шумори никоҳҳои шаҳрвандони Русия бо шаҳрвандони хориҷӣ ду баробар афзудааст.

Бино ба иттилои бахши хабаргузории ТАСС дар минтақаи Урали Русия бо такя ба гуфтаҳои сардори Раёсати САҲШ-и ин вилоят Татяна Кузнетсова, дар ин рӯйхат шаҳрвандони Тоҷикистон

 

пешсаф буда

,

соли 2014 бо шаҳрвандони Тоҷикистон 712 ақди никоҳ баста шудааст (соли 2013 – ҳамагӣ 289 ақди никоҳ).

Ба гуфтаи Кузнетсова, дар ин давра бо шаҳрвандони Озарбойҷон – 388, Ӯзбекистон – 239 ақди никоҳ баста шуда, соли 2014 дар маҷмӯъ 2256 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст (соли 2012 – 1038).

«Сабабҳои чунин ҳолатро мо шарҳ дода нметавонем, зеро вазифаи мо қабули ариза ва сабти никоҳ мутобиқи қонун мебошад, то ки он ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам қаламрави кишарҳои издивоҷкунадагон эътироф карда шавад», – гуфтааст Кузнетсова ва ҳамчунин илова намудааст, ки барои муқоиса метавон дар бораи баста шудани ақди никоҳ бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур мисол овард, кидар ин давра бо шахрвандони Олмон – 20, Сербия – 13, Миср – 9, Италия ва Туркия – 7-тогӣ ҳолатҳои ақди никоҳи шаҳрвнадони Русия сабт шудааст.

Тибқи маълумоти ҷамъияти минтақавии фарҳанги тоҷикони «Сомон», дар вилояти Свердлови Русия ҳудуди 70 ҳазор нафар зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо ба корҳои мавсимӣ машғуланд. Беш аз 90%-и онҳо дар соҳаҳои сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ободонӣ ва хизматгузорӣ кор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.