Дар Душанбе таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи СААД баррасӣ мешавад

Дар ҷаласаи дурӯзаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи масъули Созмон баррасӣ мешаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ баргузор […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷаласаи дурӯзаи Кумитаи низомии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, таҳдидҳо ба амнияти низомӣ дар минтақаи масъули Созмон баррасӣ мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласа таҳти раҳбарии раиси Кумитаи низомӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Шарифзода Зарифи Тоҳирӣ баргузор мешавад.

Кумитаи низомӣ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД таъсис дода шуда, ба ҳайати он сардорони ситодҳои кулли Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмон ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД шомил мебошанд. Дар ҷаласа муовини дабири кулли СААД Валерий Семериков иштирок ва суханронӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур баррасӣ ва таҳлилии масъалаҳои таҳдиду чолишҳо ба амнияти низомӣ дар  минтақаҳои таҳти масъулияти СААД қарордошта, таҳияи тадбирҳо ва вокуниш ба онҳо, рушди таркибҳои низомӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҷангӣ дар соли равон, дурнамои рушди Нерӯҳои ҳомии сулҳи СААД, роҳандозии чорахои мудофиаи зидди ҳавоӣ дар доираи Созмон ва ҳамчунин такмили корҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои кишварҳои узви СААД дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Кумитаи низомӣ дар остонаи ҷаласаҳои мақомоти оинномавии СААД (моҳи майи соли 2015) баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.