ПСС ҷалби тоҷирон ба баррасии қонун «Дар бораи сармоягузорӣ»-ро пешниҳод мекунад

Раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод намуд, ки намояндагони тиҷорат фаъолона ба баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» ҷалб карда шаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суханронӣ дар кори мизи гирди «Роҳои беҳбуди ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди ҶТ» муовини раиси Палата Манзура Рустамов дар ин робита қайд кардааст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод намуд, ки намояндагони тиҷорат фаъолона ба баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» ҷалб карда шаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни суханронӣ дар кори мизи гирди «Роҳои беҳбуди ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди ҶТ» муовини раиси Палата Манзура Рустамов дар ин робита қайд кардааст, ки сармоягузорӣ таҳрикдиҳандаи афзоиши иқтисод буда, дар стратегияи сармоягузории Тоҷикистон ба лоиҳаҳои марбут ба бунёди истеҳсолоти бо технологияхои навтарини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва таъминкунадаи коркарди амиқи ашёи хоми ҷумҳурӣ, афзоиши имконоти содиротӣ ва муҳайёкунандаи ҷойҳои нави корӣ афзалият дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, қабули қонуни ҶТ «Дар бораи Арбитражи байнулмилалии тиҷоратӣ» (18.03.2015 сол) барои ҳифзи сармоягузорӣ ва амалисозии созишномаҳои дуҷониба дар бораи ҳимояи мутақобила ва ҳавасмандсозии сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

«Барои рафъи монеъаҳо ҷиҳати беҳбуди такмили ҷанбаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои рақобати баробар, рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инкишофи низоми бонкӣ ва андоз бо мақсади ҳалли масъалаҳои маблағгузории ҷараёни сармоягузорӣ зарур аст», – таъкид доштааст муовини раиси ПСС Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.