Боздошти тоҷикистонии даъватгари узвият ба ДИИШ дар Архангелск

ASIA-Plus



Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки ба узвият дар созмони террористии «Давлатии исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва содир кардани амалҳои террористӣ даъват мекардааст, дар шаҳри Архангелски Русия боздошт шудааст.

Бино ба иттилои,

Федеральное агентство происшествий

, кормандони Хадамоти федералии амният ӯро рӯзи 21-уми апрел боздошт намуда, сипас маълум шудааст, ки ӯ дар ин шаҳр тариқи шабакаи Интернет фаъолона ба корҳои таблиғотӣ машғул будааст.

«Дар торнамоҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ даъватҳо ба терроризмро ҷой дода, фаъолияташ ба ташкили гурӯҳҳои ҷиноятпешае чун «ДИИШ», гурӯҳи «Ал-Форуқ», «Ҳизби исломии Туркистон» ва ғайра нигаронида шуда буд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршуда боздошт ва ҳангоми кофтукови манзили зисташ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти террористии ӯ дарёфт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...