Оғози хизмати беш аз 40 нафар афсарони ҷавон дар сафҳои нерӯҳои марзбонӣ

Аваз Юлдошев



Рӯзи 21 апрел дар шаҳри Душанбе маросими супурдани диплом ва рутбаҳои лейтенантӣ ба гурӯҳи навбатии хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ Тоҷикистон доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабар дод, диплому рутбаҳо ба 40 нафар афсарони ҷавони марзбон ва 200 нафар прапоршикҳои давраҳои махсуси омӯзиширо хатмкарда аз ҷониби раиси КДАМ Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов тақдим карда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи хатмкардагони Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ва давраҳои махсуси омӯзишӣ ба қисмҳои низомӣ ва гарнизонҳо таъинот гирифта, рӯзҳои наздик ба адои хизмат оғоз мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...