Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскаву Ярославл ва Калининград

Вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон Владимир Мединский ва Шамсиддин Орумбеков Барномаи байниидоравии ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Русия, Барнома   дар доираи Машварати 12-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Тоҷикистон дар Русия низ […]



Вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон Владимир Мединский ва Шамсиддин Орумбеков Барномаи байниидоравии ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Русия,

Барнома

  дар доираи Машварати 12-уми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида, дар машварат ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба баргузории Рӯзҳои Тоҷикистон дар Русия низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, Мединский ва Орумбеков оид ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи фарҳангӣ миёни кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои ҳунарҳои тасвирӣ ва саҳнаофарӣ, мусиқӣ, сирк, табодули таҷрибаву мутахассисон дар соҳаҳои фарҳанг, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангии муштарак, такмили ихтисоси мутахассисони ин бахш бо истифода аз имконоти ҳарду ҷониб ва ғайра ба мувофиқа расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи августи соли 2015 дар шаҳрҳои Маскаву Ярославл ва Калинингради Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.