Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи раиси вилояти Суғд, лар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ Лучия Элмиро ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳамкории мутақобила ва судмандро ба роҳ мондааст ва саҳми ин ташкилотро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кқдак ба хубӣ эҳсос кардан мумкин аст.
Раиси вилоят зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Хазинаи кӯдакони Созмони миллали Муттаҳид нигоҳ ва ҳадафҳои ягона дошта, барнома ва лоиҳаҳои амалишаванда ба беҳтар намудани соҳаҳои иҷтимоии вилоят равона карда шудааст.
Дар идомаи сухан Раиси вилоят зикр дошт, ки дар назди тамоми муассисаҳои соҳаи маориф маҳфилҳои гуногуни ҳунаромузӣ, аз қабили дӯзандагӣ, ошпазӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ ва ғайра таъсис дода шуда, духтарон дар ин машғулиятҳо соҳибкасб мегарданд. Дар вилоят ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, то ин дам аллакай дар қаламрави вилоят шумораи зиёди марказҳои ҳунаромӯзиву касбомӯзӣ таъсис дода шудааст. Ба ин тариқ дар ин марказҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон соҳибкасб гардиданд. Аз ҷумла бо иқдоми роҳбарияти вилоят соли равон дар тамоми ҷамоатҳои вилоят марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуда, ба ин васила доираи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам фарохтар мешавад.
Лучия Элмӣ аз иқдоми роҳбарияти вилоят оиди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои гуногуни касбомӯзӣ изҳори хушҳолӣ намуда, зикр дошт, ки ин раванд бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз байн бурдани хушунат мусоидат хоҳад кард.
Бояд қайд намуд, ки Хазинаи кӯдакони Созмони милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 20 сол фаъолият бурда, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии он ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Дар ин давра як қатор барномаҳо роҳандозӣ гардида, баҳри рушди имкониятҳо барои кӯдакон саҳм гузоштааст. Соли равон барномаи навбатии ин созмон, ки аз соли 2010 ба инҷониб фаъолият мебурд ба итмом расида, айни замон тарҳрезии барномаи минбаъда ҷараён дорад.
Дар мулоқот Лучия Элмӣ изҳор дошт, ки оянда ба Донишкадаи такмили ихтисос дастгоҳҳои лозимаро дастрас хохад кард.
Раиси вилоят қайд намуд, ки бо максади дастгирии омӯзгорон соли равон ҷоизаи Раиси вилоят таъсис дода шуда, ҳамзамон барои кормандони соҳаи маориф осоишгоҳ ташкил мешавад, ки дар онҷо устодон дар як вақт метавонанд донишу малаки худро сайқал диҳанд ва ҳам ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.





