ҲНИТ баҳри ҳимоят ба прокури генералӣ муроҷиат намуд

Бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов муроҷиат намуд. Дар номаи интишоршудаи ӯ ба унвони прокурори генералӣ зикр мегардад, ки тайи солҳои ахир ҷонибдорони ҳизб, аъзои оилаи онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди […]

ASIA-Plus



Бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов муроҷиат намуд.

Дар

номаи интишоршудаи ӯ

ба унвони прокурори генералӣ зикр мегардад, ки тайи солҳои ахир ҷонибдорони ҳизб, аъзои оилаи онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди таъқибу таҳқир ва дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа қарор гирифтаанд.

Дар номаи худ Саидумар Ҳусайнӣ беш аз 10 ҳолатҳои таъқибу шиканҷа ва таҳқири аъзои ҲНИТ ва пайвандону наздикони онҳоро мисол овардааст.

«Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, раҳбарияти ҲНИТ аз Шумо ва ниҳодҳои тобеъи Прокуратураи генералии ҶТ, ки масъулияти таъмини риояву волоият ва эҳтироми қонунҳоро дорад, тақозо менамояд, бо дастрасӣ ба Сарқонуни ҶТ ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз ин раванди номуносиб, ки боиси халалдор шудани субот, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гардидааст, чораҷӯӣ намуда, афродеро, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, ба ҷавобгарӣ бикашонед», – омадааст дар номаи муовини аввали раиси ҳизб.

Дар идома Саидумар Ҳусайнӣ ҳамзамон аз прокурори генералӣ дархост мекунад, ки ҳайатеро аз раҳбарияти ҳизб дар фурсати муносиб ба ҳузур бипазирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.