Роҳбари АНМН: Бархе аз толибон ба Давлати исломӣ пайвастанд

Зимни вохӯрии роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ Рустам Назарзода изҳор намуд, ки дар музофоатҳои минтақаи шимоли Афғонистон бархе аз дастаҳои ҳаракати «Толибон» ба сафи ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд. «Дар музофоатҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон […]



Зимни вохӯрии роҳбарони мақомоти зидди маводи нашъаовари кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Маскав директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ Рустам Назарзода изҳор намуд, ки дар музофоатҳои минтақаи шимоли Афғонистон бархе аз дастаҳои ҳаракати «Толибон» ба сафи ҷангиёни созмони террористии «Давлати исломӣ» пайвастаанд.

«Дар музофоатҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъол шудани талошҳои ҳаракати «Толибон» ва дигар нерӯҳои зиддиҳукуматӣ ба мушоҳида мерасад ва гузашта аз ин, дар робита ба вуруди ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» ба ин музофотҳои Афғонистон, гурӯҳҳои ҷудогонаи ҳаракати «Толибон» ба онҳо ҳамроҳ шудаанд», – иттилоъ медиҳад  

«Интерфакс»

  бо такя ба гуфтаҳои директори АНМН.

Рустам Назарзода ҳамчунин зикр кардааст, ки «сарфи назар аз изҳороти намояндагони ҳукумати Афғонистон оид ба қодир будан ба муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгаро, мутаассифона, вазъ дар ин кишвар, аз ҷумла музофотҳои шимолии он, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, хеле мушкил боқӣ мемонад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.