Zijin дар Суғд корхонаи гидрометаллургӣ месозад

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо ноиби президенти (намояндаи саҳмдорон) ширкати «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чен Жен Хе баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи рушди минбаъдаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, сохтмони […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода бо ноиби президенти (намояндаи саҳмдорон) ширкати «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чен Жен Хе баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи рушди минбаъдаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, сохтмони заводи гидрометаллургӣ бо маблағи 100 млн. доллари ИМА, таъминоти корхона бо қувваи барқ ва тақсимоти дивидендҳои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Соли 2013 дар КМ «Зарафшон» коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ)

мавриди истифода қарор гирифт.

Қаблан корҳои поксозии тило аз омехтаҳои дигар дар КВД «Востокредмет» анҷом мепазируфт. Иқтидори лоиҳавии солонаи коргоҳи поксозӣ то 5 ҳазор кило тилои тоза ва истеҳсоли сиккаҳои тилоии меъёри байнулмилалии дараҷаи 999,9 бо вазни то 12,5 килоро ташкил медиҳад. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

КМ «Зарафшон» бузургтарини корхонаи истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи Комбинати истихроҷи тиллову маъдани Тоҷикистон бунёд гардид. То оли 2007 бастаи назоратии саҳмияҳои корхона ба ширкати бритониёии Commonwealth & British Mineral Ltd. тааллуқ дошт. Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?