ВКД ва КДАМ «оташзанҳо»-и мактаб дар Раштро ошкор карданд

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори як изҳороти муштарак ҳодисаи рухдода дар мактаби №44-и деҳаи Боғистони ноҳияи Раштро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар изҳорот дар ин робита зикр мегардад, ки «шаби 17-ум ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори як изҳороти муштарак ҳодисаи рухдода дар мактаби №44-и деҳаи Боғистони ноҳияи Раштро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар изҳорот дар ин робита зикр мегардад, ки «шаби 17-ум ба 18-уми апрели соли равон ашхоси номаълум ба бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №44 деҳаи Боғистони ҷамоати Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт даромада, гӯшаи методӣ, овезаҳо, газетаҳои деворӣ, ҷадвали дарсҳоро корношоям кардаанд. Ҳамчунин, харитаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷамоати мазкурро қисман оташ зада, ба омӯзгорон мактуби беимзои таҳдидомезро гузоштаанд».

«Муайян карда шуд, ки дар ҳодисаи зикрёфта 2 нафар ноболиғ хонандагони мактаби миёнаи №44 Раҳимов Неъматулло Умарович, соли таваллудаш 2000-ум ва писарамакаш Раҳимов Хуршед Муродхоҷаевич, соли таваллудаш 1999 даст доранд. Бино бар нишондоди моиндари Раҳимов Хуршед-Акрамова Зарифамоҳ,  писараш мубталои бемории руҳӣ буда, тақрибан 2 сол пеш, аз беэҳтиётӣ як қисми манзили зисташонро сӯзонидааст», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, «17-уми апрел моиндари Раҳимов Хуршед, ки фарроши мактаб мебошад, бо нияти рафтан ба меҳмонӣ, калиди муассисаро ба фарзандаш медиҳад ва аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бегоҳ, баъди анҷоми дарсҳо дари мактабро маҳкам кунад. Раҳимов Хуршед аз беназоратии волидайн ва муаллимон истифода бурда, ҳамроҳ бо Раҳимов Неъматулло, тақрибан соатҳои аз 23-24.00 ба мактаби миёнаи №44 медароянд. Мутобиқи нишондоди худи ноболиғон, онҳо аз тарс дар торикии долони мактаб ашёҳои таълимиро оташ гиронда, роҳро равшан намуданд. Баъди баланд шудани аланга, бо мақсади хомӯш кардан ба болои он харитаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мепартоянд. Вале бинобар сабаби кушта натавонистани оташ, Раҳимов Хуршед ва Раҳимов Неъматулло онро бо пойҳояшон хомӯш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд».

ВКД ва КДАМ Тоҷикистон таъкид месозанд, ки «ин ҳодиса ягон хел хусусияти сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ё ифротгароӣ надошта, танҳо дар натиҷаи хусумати шахсиву оилавии баъзе аз сокинони деҳаи болозикр ва аъмоли авбошонаи ду ноболиғ содир карда шудааст».

Мақомоти мазкур аз намояндагони ВАО даъват кардаанд, ки дар ҷомеа фазои воҳима ва ҳаросро ба вуҷуд наоварда, маводро на бар асоси овозаву бофтаҳо, балки тибқи далелҳои муътамад ва санҷидашуда таҳия намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.