Дотсенти ДМТ раиси Шӯрои ҷамъияти оид ба ислоҳоти милитсия интихоб шуд

Рӯзи 22 апрел ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Вазорат баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, афсари калони САҲА оиди робита бо Вазорати корҳои дохилии […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 апрел ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Вазорат баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ҷаласа Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар, афсари калони САҲА оиди робита бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадиев Ҳайдар Холович ва  аъзоёни Шӯрои мазкур иштирок намуданд.

Масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа ин интихоб намудани раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ, муовини раиси Шӯрои мазкур ва роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба Шӯрои ҷамъиятӣ иборат буданд.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ Бобоназар ҷаласаро оғоз намуда, доир ба Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсаду вазифаҳои он ба ҳозирин маълумот дод.

Зимни интихоб баъди музокираю мубоҳисаҳо аз ҷониби худи аъзоёни Шӯро ба вазифаи раиси Шӯрои мазкур Сафаров Анвар – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноии факултаи ДМТ, ба вазифаи муовини раис – Боймуратова Малика Собировна – директори ташкилоти ҷамъиятии «Асотсиатсияи илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон» ва ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи корӣ – Ҳалимов Нуралӣ Табарович – адвокати ваколатдор, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ интихоб карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.