Э.Раҳмон донишҷӯёни осебдидаи покистониро ба Тоҷикистон даъват кард

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи донишҷӯёнеро, ки аз амали терористӣ дар мактаби низомии Пешовари Покистон осеб дида буданд, барои барқарор кардани солимии ҷисмониву равонӣ ба Тоҷикистон даъват кард . Бино ба маълумоти васоити ахбори оммаи покистонӣ бо истинод ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Покистон, барои донишҷӯёни осебдида Тоҷикистон барномаи махсуси комплексиро омода намудааст. Ёдрас мекунем, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи донишҷӯёнеро, ки аз амали терористӣ дар мактаби низомии Пешовари Покистон осеб дида буданд, барои барқарор кардани солимии ҷисмониву равонӣ ба Тоҷикистон

даъват кард

.

Бино ба маълумоти васоити ахбори оммаи покистонӣ бо истинод ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Покистон, барои донишҷӯёни осебдида Тоҷикистон барномаи махсуси комплексиро омода намудааст.

Ёдрас мекунем, ки 16 декабри соли 2014 бар асари ҳамлаи 9 нафар ҷангиён ба мактаби низомии шаҳри Пешовари Покистон 145 нафар ҳалок шуданд, ки аксари онҳо толибилмони синни аз 10 то 18-сола буданд. На камтар аз 114 нафар аз силоҳи оташфишон захм ва дигар ҷароҳатҳо бардошта, дар бемористонҳо бистарӣ шуданд. Ҳамаи ҳамлагарон ба мактабро низомиёни Покистон ба қатл расониданд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ВАО, барномаи аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои донишҷӯёни покистонӣ омодашуда аз чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздид аз макони таърихии Тоҷикистон иборат аст. Ҳадаф аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани солимии ҷисмониву равонии донишҷӯёни осебдида мебошад.

Нашрия менависад, донишҷӯёни аз амали террористи осебдидаи Покистон дар давраи таътили тобистона аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва замони дақиқи ин сафар бо сафорати Тоҷикистон дар Покистон мувофиқа мешавад.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки пас аз Чин Тоҷикистон кишвари дуюм аст, ки донишҷӯёни осебдидаро барои барқарор кардани солимии равониву ҷисмонӣ ба кишвари худ даъват мекунад.

Доираҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Покистон аз ин иқдоми неки президенти Тоҷикистон истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намудаанд, ки дигар кишварҳо низ ба чунин кумак хоҳанд шитобид, то ки ба ғаму ғуссаи донишҷӯёни покистонӣ таскине бубахшанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва хадамоти матбуоти сарвари давлат то ҳол дар бораи ин иқдоми хайрҳонаи президенти мамлакат маълумот надодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов