Раҳимзода: Камсаводӣ ҷавононро ба ифротгароӣ ва тундгароӣ мебарад

– Аксари он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд, – чунин мешуморад вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода. «Теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар […]

Пайрав Чоршанбиев



– Аксари он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд, – чунин мешуморад вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

«Теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд», – иброз дошт вазир чанд рӯз қабл зимни мулоқот бо донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ.

«Мутаассифона, бархе аз ҷавонон дар ҷаҳони муосир ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва равияҳои ифротгаро ва бегонапараст шомил гардида, ҳаёту ҷони худро зери хатар гузошта, падару модар, оила ва фарзандони худро бадбахт сохта, барои ҷангидан ба давлатҳои дигар мераванд», – қайд кард ӯ.

Қаблан аввали ҳамин моҳ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки айни замон дар давлати Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби ҷавонон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок доранд.

«Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015,  144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии  Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст», – иброз дошт вазир.

Вазир изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби  ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. «Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд», зикр кард Раҳимзода.

Тибқи таҳлилҳои ВКД,  шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.