Тоҷикистону Туркманистон рафти сохтмони роҳи оҳан тариқи Афғонистонро баррасӣ карданд

Дар ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо барои давраи солҳои 2014-2015 баррасӣ шуд. Зимни ҷаласаеи дурӯза, ки ҳафтаи равон дар шахри Душанбе доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳое чун энергетика, савдо, нақлиёт ва комммуникатсия, кишоварзӣ, саноат ва илм, тандурустӣ, маориф ва […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни кишварҳо барои давраи солҳои 2014-2015 баррасӣ шуд.

Зимни ҷаласаеи дурӯза, ки ҳафтаи равон дар шахри Душанбе доир гардид, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳое чун энергетика, савдо, нақлиёт ва комммуникатсия, кишоварзӣ, саноат ва илм, тандурустӣ, маориф ва ғайра матраҳ гардиданд.

Ҷонибҳо ба масоили роҳандозии тадбирҳо оид гуногуну серсоҳа кардани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши муомилоти содиротиу воридотӣ, тавсеъаи номгӯй ва ҳаҷми молҳо ва хизматгузориҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои муштарак, вохӯриҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар ва ҳамчунин табодули мунтазами маълумот дар ин саамтҳоро мувофиқи мақсад донистанд.

Ҳамзамон ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи зербиноии муҳими сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон – долони нави нақлиётӣ, ки дар маҷмӯъ барои минтақаи аҳамияти стратегӣ дорад, низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа санади дахлдор ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва аз ҷониби Туркманистон вазири молияи ин кишвар Муҳаммедгулӣ Муҳаммедов буданд.

Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ 21 апрели соли гузашта дар Ашқобод баргузор шуда буд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон беш аз 110 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 қариб 8% камтар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Турманистон ҳудуди 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68% зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.