Анҷоми сохтмони маркази бузурги муосири тиббӣ дар пойтахт

Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба анҷом расидани марҳилаи аввал, яъне итмом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90», ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сурат гирифтааст, бо мақсади вусъати раванди таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ  бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, масъулини дахлдор […]

ASIA-Plus



Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба анҷом расидани марҳилаи аввал, яъне итмом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90», ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сурат гирифтааст, бо мақсади вусъати раванди таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ  бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, масъулини дахлдор ва пудратчиёни ғолиби озмуни марбутаи шаҳрдорӣ дар ин хусус ҷаласа доир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо инобати он, ки таҷҳизоти муосири тиббӣ аз рӯи охирин таҷриба ва дастовардҳои ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ аз рӯи 27 лот харидорӣ мегарданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки дилхоҳ таҷҳизот мувофиқ ба шартҳои тендерӣ бояд бевосита аз суъбектҳои истеҳсолкунанда, ки дорои сертификат ва кафолати сифату истифодабаридошта мебошанд, бе миёнаравҳо харидорӣ ва дастрас карда шаванд.

Таъкид шудааст, ки набояд гузошт, то ки аз ин харид, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр баҳри табобат ва ҳифзи саломатии сокинони шаҳр равона шудааст, ширкатҳои миёнарав манфиатдор гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.