Шикасти дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран-при дар Загреб

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Загреби Хорватия ноком шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита миллии олимпии Тоҷикистон, се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Загреби Хорватия ноком шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита миллии олимпии Тоҷикистон, се паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, шикаст хӯрданд.

Гуфта мешавад, Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило рӯзи 3-юми май дар нахустин қувваозмоияш аз Томас Капра (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Дмитро Лучин (Украина) шикаст хӯрд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Владут Симионеску (Руминия) бохт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 433 варзишгар (256 мард ва 177 зан) аз 55 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахабҳои Маҷористон ва Туркия бо натоиҷи якхела – 2 медали тилло 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ғолиб шуданд. Мунтахаби  Украина (2-1-0) ҷойи севумро гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқоти интихобӣ 22 гуштигири зӯртарин дар ҳар як вазн ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.