Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба иҷро расид. Тибқи иттилои  Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойтахт 30 апрели соли ҷорӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро гардида, аксари даъватшавандагон ихтиёран ба адои қарз назди ватан ҳозир шудаанд. Қаблан сардори маркази […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба иҷро расид.

Тибқи иттилои  Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойтахт 30 апрели соли ҷорӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда иҷро гардида, аксари даъватшавандагон ихтиёран ба адои қарз назди ватан ҳозир шудаанд.

Қаблан сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки то санаи 29 апрел нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар саросари ҷумҳурӣ 93% иҷро шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи даъват дар 38 шаҳру навоҳии кишвар пурра ба иҷро расидааст. «То ин сана нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 99%, ВМКБ – 91%, Суғд – 92% ва навоҳии тобеи марказ – 86% ба иҷро расидааст», – изҳор дошта буд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.