Лату кӯби зодагони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони пулиси Ханти-Мансийск

Дар вилояти мухтори Ханти-Мансийски Русия дар назди шуъбаи пулис кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зодагони Тоҷикистонро лату кӯб карданд. Ин ҳодиса дар камераҳои мушоҳидаи видеойӣ наворбардорӣ гардида, гуноҳи кормандони пулис исбот шудааст. Дар ин бора ВАО-и Русия иттилоъ медиҳанд . Бино ба иттилои «Информинг» , се нафар зодагони Тоҷикистон – бародарон Сабуровҳо, ки шаҳрванди Русия будаанд, […]

ASIA-Plus



Дар вилояти мухтори Ханти-Мансийски Русия дар назди шуъбаи пулис кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зодагони Тоҷикистонро лату кӯб карданд. Ин ҳодиса дар камераҳои мушоҳидаи видеойӣ наворбардорӣ гардида, гуноҳи кормандони пулис исбот шудааст. Дар ин бора ВАО-и Русия


иттилоъ медиҳанд


.

Бино ба иттилои

«Информинг»

, се нафар зодагони Тоҷикистон – бародарон Сабуровҳо, ки шаҳрванди Русия будаанд, барои арзу шикоят ба шуъбаи пулис омадаанд. Як бародари дигари онҳоро аз Русия барои он истирдод кардаанд, ки ӯ ба гирифтани шаҳрвандии Русия фурсат пайдо накарда, реҷаи шиносномавиро риоя накардааст  ва ба ақидаи бародарон, ин амал ғайриқонунӣ будааст.

Аммо дар назди даромадгоҳи шуъбаи пулис миёни онҳо ва корманди хадамоти посбонӣ сержант Ростислав Ефремов муноқишаи лафзӣ сар зада, он ба ҷанҷолу занозанӣ бадал мешавад, ки баъдан кормандони дигари пулис ба кумаки ҳамтояшон мешитобанд.

Зодагони Тоҷикистонро бо пойҳову чӯбдасти резинӣ (дубинка) лату кӯб мекунанд, ки дар натиҷа яке аз бародарон бо ҷароҳатҳои бардошта аз сараш дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол,

Lifenews

қайд мекунад, ки чун кормандони дар ҷанҷол ширкатдоштаи пулис дарк мекунанд, ки пинҳон кардани ин далел ғайриимкон асту гузашта аз ин, ҳамаи ҳодиса пеши чашмони шоҳидон рух додаву дар навори камераҳои видеойии назди шуъбаи пулис сабт шудааст, онҳо ба Кумитаи тафтишот ариза навишта, изҳор мекунанд, ки гӯё Сабуровҳо ба онҳо дарафтода, кормнадони пулисро лату кӯб кардаанд.

Аммо муфаттиш сабти навори камерахои видеоиро санҷида, ба хулоса расидааст, ки дар муноқиша кормандони пулис ҳам на камтар аз ҳарифонашон гунаҳкоранд ва гунаҳкори аслии сар задани муноқиша сержант Ефремов мебошад.

«Нисбати сержант мутобиқи моддаи «Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифода аз зӯроварӣ ва воситаҳои махсус» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Парвандаи ҷиноӣ танҳо нисбати сержант Ефремов боз шуда, нисбати боз се нафар ҳамкорони ӯ санҷиш идома дорад», – хабар додааст ба LifeNews» сарёвари роҳбари Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти мухтори Ханти-Мансийск Елена Скобелева.

Гуфта мешавад, кормандон мақомоти пулис низ мустақилона корҳои тафтишотӣ анҷом медиҳанд ва агар гуноҳи Ефремов исбот шавад, пас ӯро сабукдӯшӣ аз кор бо сабабҳои манфӣ ва ҳамчунин ҷазо мутобиқи қонунгузории амалкунанда интизор аст. Дар ҳамин ҳол, ин ҳодиса аз вазифаҳо озод шудани бевосита роҳбарони сержантро низ дар пай дошта метавонад.

https://www.youtube.com/watch?v=HbIOIWKHBSM

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.