Кормандони дар Қирғизистон боздоштшудаи АНМН озод шуданд

Дар робита ба боздошти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ дар марз бо Қирғизистон, Агентии мазкур иттилоъ дод, ки онҳо аз рӯи нофаҳмӣ дар минтақаи бетарафи сарҳад боздошт ва худи ҳамон рӯз раҳо карда шудаанд. Дар иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Агентӣ зикр мегардад, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи […]

ASIA-Plus



Дар робита ба боздошти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ дар марз бо Қирғизистон, Агентии мазкур иттилоъ дод, ки онҳо аз рӯи нофаҳмӣ дар минтақаи бетарафи сарҳад боздошт ва худи ҳамон рӯз раҳо карда шудаанд.

Дар иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Агентӣ зикр мегардад, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, шаҳрвандони Қирғизистон дастгир гардиданд, ки ният доштаанд ба таври қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон симобро дар шаш дона борбанди заводӣ бо вазни ҳар кадом 30 килограммӣ ворид намоянд. «Вазни холиси симоб 179 кг 800 граммро ташкил дода, он дар комбинати Ҳайдаркани Ҷумҳурии Қирғизистон истеҳсол гардидааст», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, аз рӯи аҳди дутарафа ҳамаи маводҳои парвандаи мазкур барои баррасии тафтишоти минбаъда ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон равон карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки радиои «Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 30 апрел мақомоти Қирғизистон 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро

ба ҷумлаи 3 афсари АНМН

барои вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон ва талоши қочоқи 180 килограмм симоб боздошт намуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.