Ҷаримаи директори «Пойтахт-90» барои иҷро накардани уҳдадорӣ нисбати фарзанд



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт директори маркази савдои «Пойтахт-90» Манучеҳр Нуриддиновро барои иҷро накардани уҳдадорӣ нисбати фарзанд ҷарима кард.

Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Нуриддинов мутобиқи моддаи 90 (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 120 сомонӣ ба нафъи давлат ҷарима баста шудааст. «Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Сафарбек Нурализода баргузор шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки директори маркази савдои «Пойтахт-90» Манучеҳр Нуриддинов барои то ҳанӯз нагирифтани шаҳодатнома дар бораи таваллуди писараш ва расман ба қайд нагирифтани ному насаби писараш, ки соли 2014 ба дунё омадааст, ҷарима шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное