Эҳтимоли ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Русия тавассути ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамотҳои гумрук дар кишварҳои ҳамдигар ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт густариш бахшиданианд. Тавре дар сомонаи расмии ҳукумати Русия дар ин робита итттилоъ дода мешавад, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати ин кишвар масъалаи ба президенти Русия пешниҳод шудани имзои Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия […]

Пайрав Чоршанбиев



Тоҷикистону Русия тавассути ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамотҳои гумрук дар кишварҳои ҳамдигар ба ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт густариш бахшиданианд.

Тавре дар

сомонаи

расмии ҳукумати Русия дар ин робита итттилоъ дода мешавад, дар ҷаласаи навбатии ҳукумати ин кишвар масъалаи ба президенти Русия пешниҳод шудани имзои Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бораи ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар Созишномаи зикршуда ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамотҳои гумруки кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар пешбинӣ мешавад.

«Ифтитоҳи намояндагиҳои Хадамоти гумрук ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои мутақобила, беҳтар риоя шудани қонунгузории гумрук, зудтар ҷараён гирифтани тафтиш ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, суръатбахшӣ ба ҳамлу нақли маҳсулот миёни кишварҳо ва таъмини ҳисобу китоби дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат мекунад», – қайд мешавад дар маълумот.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки тақрибан ба 22%-и ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии кишвар дар соли гузашта баробар аст.

Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 266 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 27%-и ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли равон баробар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.