Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои энергетика ва тиҷорат

Аввали ҳафтаи равон дар Исломобод вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири давлатии энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Обид Шер Алӣ доир гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи энергетика табодули назар карданд. Зимни […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар Исломобод вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири давлатии энергетика ва оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Обид Шер Алӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаи энергетика табодули назар карданд.

Зимни вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо вазири федеролии тиҷорати Покистон Хуррам Дастгир Хан ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро, ки матни он барои тақвияти тиҷорат дар минтақа дар доираи ҷаласаҳои коршиносони се кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст, таъкид карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо манфиатдории худро ба истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати афзоиши ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвари дӯст баён карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.