Душанбе ва Исломобод дар мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамкорӣ мекунанд

Рӯзи 5 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири тозатаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Соом дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи ахбор ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 май вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири тозатаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Тариқ Иқбол Соом дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи ахбор ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо байни мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб мустаҳкам гардонида шуда, соли 2004 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ба имзо расонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Изҳори умедворӣ карда шудааст, ки баъди ба имзо расидани лоиҳаи Созишномаи мазкур ҳамкориҳо дар самтҳои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.