Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
иттилоъ медиҳад
, ки рӯзи 8 май дар шаҳри Маскав вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.
Сарони аксари кишварҳои узви ИДМ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба, ки рӯзҳои 8-10-уми май дар Маскав дар назар аст, ба пойтахти Русия ташриф оварданианд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, ташрифи худ ба чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳри Маскавро сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон
тасдиқ кардаанд
.
Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзҳои 7-8 май аз Маскав боздид намуда, рӯзи 9 май гузашти низомӣ ба ифтихори ҷашни Ғалаба дар Минскро қабул карданист.
Васоити ахбори умум бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон
хабар медиҳанд
, ки дар гузашти низомии Маскав бахшида ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов низ ҳузур нахоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, президенти Украина Петр Порошенко барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба аз президенти Русия Владимир Путин даъватнома
нагирифтааст
.



