Дар ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар одамрабоӣ ба ҳабс гирифта шудааст.
Бино ба
иттилои
Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, боздоштшуда ҳамроҳ бо афроди номаълум забон як карда, ба шахраки Октябрскии ноҳияи Люберетск меоянд ва як марди 36-соларо лату кӯб ва сипас ба автомашина шинонида бо худ мебаранд.
Гуфта мешавад, онҳо ба маблағи 1,6 ҳазор доллари ИМА ва 140 ҳазор рубл техникаи мобилӣ ва воситаҳои пулии ин мардро ғорат намуда, тариқи телефони ҳамроҳ аз зани ҳамзисташ барои озодиии ӯ 1 млн. рубл дархост мекунанд ва ҳангоми гирифтани маблағи зикршуда яке аз одамрабоён боздошт мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати боздошти дигар афроди ба ин ҷиноят дастдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.



