Муроҷиати беш аз 20 нафар ба телефонии боварии Вазорати маориф дар як рӯз

Ба хотири пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони бовариро ба кор даровард. Сухангӯи Вазорат Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки бо ҳолатҳои ришваситонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти дигар дар соҳаи маориф дучор меоянд, имкон доранд, ки дарҳол ба телефони боварии Вазорат […]

Мавзуна Абдуллоева



Ба хотири пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони бовариро ба кор даровард.

Сухангӯи Вазорат Эҳсон Хушвақтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ин ба баъд шаҳрвандоне, ки бо ҳолатҳои ришваситонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва мушкилоти дигар дар соҳаи маориф дучор меоянд, имкон доранд, ки дарҳол ба телефони боварии Вазорат бо рақамҳои 227-76-86 занг зада, дар ин бора хабар диҳанд.

«Телефони боварӣ рӯзи 6 май фаъол шуда, аллакай то шом тариқи он беш аз 20 арзу шикояти марбут ба мушкилот дар соҳаи маориф, машваратпурсӣ оид ба ҷамъоварии ҳуҷчатҳо барои дохил шудан ба макитаби олӣ ва ғайра ворид шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандон ҳамчунин тавассути газетаи соҳавии «Омӯзгор» ё сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми ҶТ

http://maorif.tj

низ метавонанд арзу шикоят ва пешниҳодҳои худро ба унвони Вазорат иросл намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.