Ҳабси як тоҷикистонӣ дар Маскав ба гумони одамрабоӣ

Дар ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар одамрабоӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, боздоштшуда ҳамроҳ бо афроди номаълум забон як карда, ба шахраки Октябрскии ноҳияи Люберетск меоянд ва як марди 36-соларо лату кӯб ва сипас ба автомашина шинонида бо худ мебаранд. […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар одамрабоӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Бино ба

иттилои

Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, боздоштшуда ҳамроҳ бо афроди номаълум забон як карда, ба шахраки Октябрскии ноҳияи Люберетск меоянд ва як марди 36-соларо лату кӯб ва сипас ба автомашина шинонида бо худ мебаранд.

Гуфта мешавад, онҳо ба маблағи 1,6 ҳазор доллари ИМА ва 140 ҳазор рубл техникаи мобилӣ ва воситаҳои пулии ин мардро ғорат намуда, тариқи телефони ҳамроҳ аз зани ҳамзисташ барои озодиии ӯ 1 млн. рубл дархост мекунанд ва ҳангоми гирифтани маблағи зикршуда яке аз одамрабоён боздошт мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати боздошти дигар афроди ба ин ҷиноят дастдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.