Қадрдонии собиқадорони ҶБВ дар ноҳияи Бохтар

Имрӯз дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ба ифтихори ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки 21 нафар собиқадорони ҷанг ва фаъолони ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Бино ба иттилои як манбаъ за ҳукумати ноҳияи Бохтар, зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба собиқадорони ҷанг барои мардонагиву ҷонфидоӣ барои ғалаба бар […]

Сайраҳмон Назриев



Имрӯз дар ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ба ифтихори ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки 21 нафар собиқадорони ҷанг ва фаъолони ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Бино ба иттилои як манбаъ за ҳукумати ноҳияи Бохтар, зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ба собиқадорони ҷанг барои мардонагиву ҷонфидоӣ барои ғалаба бар фашизм миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳар кадоме аз собиқадорон ба маблағи 150 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Зимнан зикр гардид, ки корхонаву муассисаҳои ноҳия низ аз кумак ба собиқадорони ҷанг дар канор намонда, дармонгоҳи ноҳия ба ҳар кадоме аз собиқадорони ҶБВ дорувории тиббӣ ба маблағи 220 сомонӣ ҳадя намуд ва аз ҳисоби буҷет 2 нафар собиқадорон барои муолиҷа ба осоишгоҳи «Харангон» фиристода шуда, хизматгузории дандонпизишкии 4 нафар собиқадорон ба маблағги умумии 750 сомонӣ пардохта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.