Ба директори наврасро то марг латукӯбкарда 20 соли зиндон дархост шуд

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки собиқ директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев ба 20 сол, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ҳар кадоме ба 19 соли зиндон маҳкум карда шаванд. Нисбати иштирокчии чоруми парвандаи мазкур – соҳиби мағоза Тоҷиев айбдоркунандаи давлатӣ дар ҳаҷми 300 музди меҳнати ҳадди […]

Мавлуда Рофиева



Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки собиқ директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев ба 20 сол, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ҳар кадоме ба 19 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Нисбати иштирокчии чоруми парвандаи мазкур – соҳиби мағоза Тоҷиев айбдоркунандаи давлатӣ дар ҳаҷми 300 музди меҳнати ҳадди ақал ҷаримабандиро тақозо кард.

Рӯзи

13 апрели соли равон

дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии ин парванда оғоз гардида буд. Мурофиа озод буда, ба иштироки рӯзноманигорон дар он монеъа эҷод намешавад.

Директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев мутобиқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 104, қисми 2, бандҳои «в,е,з,к» (Куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), аз ҳиссиёти авбошӣ), 112 (Қасдан расонидани зарари  сабук ба саломатӣ) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди хадамоти посбонӣ Бобур Юсуфов мутобиқи моддаҳои 104 ва 112 ва боз иштирокчии 4-уми ин парванда – соҳиби мағоза Тоҷиев мутобиқи моддаи 112 айбдор карда мешаванд.

Рӯзи 12 май ба директори бозор сухани ниҳоӣ дода шуда, сипас суд ба хонаи машваратӣ хориҷ мешавад.

Дар сухани ниҳоии худ сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев изҳор намуд, ки ӯ наврасонро лату кӯб накардааст. Корманди ин хадамот Бобур Юсуфов қайд кард, ки ӯ танҳо як маротиба ба наврасон зарба задааст ва нияти куштани наврасро надошт.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ 

то марг лату кӯб карда

, навраси дигар бар асари лату кӯби онҳо дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.