Кумакпулии президент ба собиқадорони ҷанг

Президенти Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои ҷанговарони дар фронт ҳалокшуда ва афроди барои ватан хизматкарда ба ифтихори ҷашни Ғалала ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ маблағи пулӣ ҷудо намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ин кумакпулӣ ба беш аз 4 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва афроди […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои ҷанговарони дар фронт ҳалокшуда ва афроди барои ватан хизматкарда ба ифтихори ҷашни Ғалала ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ маблағи пулӣ ҷудо намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ин кумакпулӣ ба беш аз 4 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва афроди барои ватан хизматкарда расонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, кумаки сарвари давлат ба муносибати ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навохӣ ва раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба собиқадорон дастрас хоҳад шуд.

Бино ба маълумотии Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳи ҷумҳурӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 810 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 боқӣ монда, тақрибан 2518 нафар коргарони ақибгоҳи ҶБВ ва 16 нафар шаҳрвандон аз «оилаҳои дар ҶБВ ҳалокшуда» иқомат доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.